Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи «сабз»

Дар Тоҷикистон, мутобиқи маълумоти зикршуда, давоми солҳои 2011-2015, 99,56%-и нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.
Гуфта мешавад, дар муқоиса бо солҳои 2006-2010 истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби сарчашмаҳои барқароршаванда ба андозаи 0,21% коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, соли 2015 дар нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 95,2% (1 млрд. 419,4 млн. кВт/соат) нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки тақрибан 4,8% (68,2 млн. кВт/соат)-и он ба марказҳои барқу гармидиҳӣ рост меояд ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014 қариб ду баробар зиёдтар аст.