Хабар

Бонки миллии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тиб, ки ба табобати сироятёфтагони COVID-19 машғуланд, ёрӣ расонд

Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби музди меҳнати худ  ба Фонди  пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавируси COVID-19,  барои   табибоне, ки ба табобати  сироятёфтагон машғул мебошанд,  375 ҳазору 524 сомонӣ гузарониданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи хӯрока бе танаффус ворид мегардад

Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бе танаффус  маводи хӯрока ворид мегардад. Аз ҷумла,  дирӯз 120 тонна орд вориди вилоят гардида, дар анборҳои соҳибкорон низ маводи зиёди ғизоӣ мавҷуд мебошад.

Страницы