Кодекси меҳнат дар таҳрири нав қабул мегардад

Интизор меравад, ки вакилони Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав қабул намоянд. Дар ин росто лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси гумрук, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҳокима гардиданд.
Дар анҷом бархе аз масъалаҳо барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва қисми дигараш барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳод шуданд.
АМИТ «Ховар»

Tags: