10 ДЕКАБР – РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 75 сол пур шуд

10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон маҳсуб шуда, мақсад аз он ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар шахс мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол 75 сол пур шуд. 

Рӯзи ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гашта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод шаванд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аввали моҳи декабр «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» гузаронида мешавад, ки давоми он чанд барномаи сатҳи баланд доир мегардад. Дар онҳо самтҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти мардум ва сатҳи риояи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа мавриди баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор дода мешаванд.

Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ намудани инсонҳоро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судманд ба харҷ медиҳад. Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худро давра ба давра таъмин менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои оинномавӣ ва шартномавии СММ ва дигар сохторҳои иҷроияи он гузоштааст. Дар ин раванд бино ба иттилои Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон солҳои 2010-2023 се маротиба расмиёти Шарҳи гузоришҳои миллии худро ба мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд ва ҷиҳати ташрифи 11 мандати мавзуии расмиёти махсус мусоидат намудааст. Дар натиҷа ба Тоҷикистон дар маҷмуъ зиёда аз 1000 тавсияҳо дода шуданд, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро дар бар мегиранд. Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва иҷрои бовиҷдононаи уҳдадориҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.

Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа- вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд

Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб мешавад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷо аст, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.

Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, мазмуну моҳияти меъёрҳои конститутсионии соҳаи ҳуқуқи инсон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ба воситаи Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд.

«Ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бо такя ба ин муқаррарот ва меъёрҳои дигари барномавӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ гардида, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд»,-баён дошт Умед Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, мазмуну моҳияти меъёрҳои конститусионии соҳаи ҳуқуқи инсон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ба воситаи Конститутсия, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон дар ҳама самтҳо, инчунин ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ шуда, санадҳои муҳими стратегӣ қабул мегарданд.

5 августи соли равон дар мамлакат «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» тасдиқ гардидааст, ки он ҳамаи нақшаҳои миллии мавҷуда ва қабулшаванда оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг сохта, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад. Ҳадафи асосии Стратегияи миллӣ таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян менамояд, мебошад.

Ба гуфтаи коршиносони соҳа, Стратегияи миллӣ ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян намуда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро, ки ба мустаҳкам намудани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар мамлакат равона шудааст, пешбинӣ менамояд.

Tags: