17 март ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

17 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад, иҷлосияи мазкур соати 10:00 ба кори худ оғоз мебахшад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 март аз соати 8:00 то 17:00 дар ошёнаи якум, утоқи №1 бинои Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот: 23-57, 221-30-84.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 3 март бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар бораи даъвати иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум фармон ба имзо расониданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: