«25 СОЛ МУҚАДДАМ, 16 НОЯБРИ СОЛИ 1992, БО МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ…»

«Мо дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро муайян кардем, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

 Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз ба оғози Иҷлосияи XVIШӯрои Олии Тоҷикистон, ки ба барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, эҷод ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду инкишофи минбаъдаи давлати соҳибихтьиёри тоҷикон оғоз ниҳода буд,  расо   25 сол пур мешавад. Дар бораи аҳамияти таърихии ин иҷлосияи тақдирсоз Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор  Маҳкам МАҲМУДЗОДА ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуд:

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи душвори сиёсӣ нигоҳ накарда, қарорҳои тақдирсоз қабул гардида, бо масъулияти бузург тақдири минбаъдаи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлол бар дӯши Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки якдилона аз ҷониби вакилони мардумӣ дар ин Иҷлосияи таърихӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, гузошта шуд. Мардуми кишвар дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллатро дар вазъияти мураккаби ҷумҳурӣ пайдо намуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ба сифати мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, бо қарори худ аз 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти РСС Тоҷикистонро қабул намуд. Мутобиқи банди 1 Эъломия, Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли сермиллат эълон гардид. Муқаррар гардид, ки истиқлолияти РСС Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди РСС Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад.

Бо ҳамин ормони таърихӣ ва деринаи миллати озодихоҳи тоҷик рӯи кор омад. Онҳо баъди суқути давлати муттамаркази тоҷикон — Сомониён ва гузашти зиёда аз ҳазору сад сол, бо амри таърих соҳиби давлати миллии соҳибихтиёр гардиданд. Дар китоби таърихи халқи тоҷик бо ҳамин саҳифаи нави таърихӣ кушода шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияҳояшон иброз дошта буданд: «Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт».

Лекин, ҳаводиси ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта барои мардуми тоҷик инкишофи ғайричашмдошти таърихӣ гардид. Воқеаҳои сиёсӣ зери фишори падида ва равандҳои гуногуни сиёсӣ босуръат тағйир меёфтанд, ки ҳатто роҳбарони онвақтаи алоҳидаи аввали мамлакат аз дарки маънии равандҳои сиёсии ба вуқӯъоянда  оҷиз мемонданд.

Фалаҷ гардидани қариб тамоми аркони давлатдории миллӣ, ба миён омадани хатар нисбат ба истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии марзу буми аҷдодӣ, зарурати ҳарчи зудтар гузаронидани иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овард. Ин мақомот дар вазъияти пуршиддати сиёсӣ ва давраи ҳассоси таърихӣ, мақомоти ягонаи комилан амалкунандаи ҳокимияти конститутсионӣ ба шумор мерафт. Инро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба хубӣ зикр карда буданд: «Дар он вазъияти мураккабу хавфноки соли 1992 ягона умеди баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии хунрезӣ ба таъҷилан даъват намудани иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон вобаста буд. Зеро дар он лаҳза Шӯрои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт». Аз ин хотир, мардуми Тоҷикистон ба ин иҷлосия бо назари нек умед баста буданд.

Аз ҷониби мухолифин гаравгон гирифта шудани вакилон ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи нақшаи онҳо амал намекарданд, имконияти дар шаҳри Душанбе гузаронида шудани иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузошт. Раванди иҷлосияҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардид, аз ҷониби мухолифин ва гурӯҳҳои силоҳбадаст халалдор гардида, фаъолияти муътадили онро, ки ба хотири сулҳ ва таъмини амният нигаронида шуда буд, барҳам мезаданд.

Вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятии ба миёномада, зарурати тезонидани раванди барқароркунии ҳокимияти конститутсиониеро, ки имконияти эътироф гардидани он аз ҷониби ҳарду тараф ҷой дошта бошад, талаб мекард. Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин 9 ноябри соли 1992 дар хусуси 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) қарор ба тавсиб расонид.

Вакилон муҳимияти баргузор гардидани ин иҷлосияро аз ҳарвақта бештар дарк мекарданд. Ин буд, ки дар кори иҷлосия аз 230 нафар вакилон 197 нафарашон иштирок доштанд. Пештоқи Қасри «Арбоб»-ро шиори «Намояндагони муҳтарам! Шумо ба ин ҷо бо мақсаде омадед, ки ба хунрезӣ хотима гузоред. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!» оро медод.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар вақт ва ҷойи муқарраргардида ба кори худ оғоз кард. Дар кори он ба истиснои вакилон, инчунин намояндагони давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, арбобони илм ва фарҳанг, қумондонҳои ҷабҳаҳои гуногун иштирок доштанд.

Вазифаи асосӣ ва муҳими иҷлосияро ба истиснои таъмини сулҳу субот ва амният, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ташкил медод. Вобаста ба ин, комиссия ба рӯзномаи иҷлосия бисту се масъаларо ворид намуд. Аз ҷумла, бозхонд кардани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Искандаров, баррасӣ намудани аризаи Р. Набиев дар бораи ба истеъфо рафтан аз мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авфи умум, таъсис додани Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо. Бо ин дар самти барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустин гузошта шуданд.

Нуқтаи муҳим дар фаъолияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он буд, ки вакилон дар кори он, бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи ватандорӣ иштирок намуда, ояндаи Тоҷикистонро муайян карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардид.

Ба сифати асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияти Тоҷикистон омили муҳим ва ҳалкунанда буд.

Дар асоси таҳлилҳои ҳодисаҳои сиёсии минтақаҳои даргир, мавриди зикр аст, ки бархӯрди манфиатҳо дар шакли мафкура, нуқтаи ҳасоси равандҳои сиёсӣ буда, ҳадафи асосӣ ва муайянкунандаи онро боло гузоштани як мафкура дар муқобили мафкураи дигар ташкил медиҳад. Ин амалан инкор гардидани мафкураҳои дигар аз ҷониби мафкураи ҳукмрон буда, аланга задани оташи низоъро байни мафкураҳо ба миён меорад. Баробари ин, бозингарони майдони сиёсӣ дар асоси дарки бахубии мазмун ва моҳияти мухолифатҳо байни мафкураҳо, онро дар ҳолатҳои алоҳида ҷиҳати пайгирии манфиатҳои сиёсӣ ба хубӣ истифода мекунанд. Ин дар давраи аввали истиқлолияти давлатии мамлакат истисно набуд. Гурӯҳҳо ва ҳатто равшанфикрони алоҳида ба ин гирдоби сиёсӣ мубтало гардида буданд. Он чиз ба инобат гирифта нашуд, ки муайян гардидани мафкураи алоҳида дар навбати аввал ба инобат гирифта шудани арзишҳои миллӣ, тафаккури аҳолӣ, урфу одат ва анъанаҳои таърихиро талаб менамояд. Дар ҳолати акс, муқаррар гардидани мафкураи алоҳида вазъияти сиёсӣ ва ҷамъиятиро муташанниҷ гардонида, ҳадафи пайгиришавандаро ноил гардида наметавонад.

Муқаррар гардидани тарзи давлатдории демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки асоси онро муқаррароти моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, амалан инкор гардидани ҳама гуна мафкура ва таълимот ба сифати мафкура ва таълимоти давлатӣ буда, озодона инкишоф ёфтани онҳоро бо тартиб ва воситаҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ кафолат медиҳад. Давлат фаъолияти худро танҳо дар доираи қонун маҳдуд намуда, волоияти онро эътироф менамояд. Дар ин раванд ба инобат гирифта шудани манфиати мафкураҳо истисно намегардад. Чунончи, дар кори комиссияи конститутсионӣ, ки бо мақсади таҳия намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардида буд, ба истиснои намояндагони аксарияти миллӣ, инчунин намояндагони аққалияти миллӣ аз ҷамоаҳои русҳо, ӯзбекҳо ва кореягиҳо фаъолона иштирок дошта буданд. Аз ин хотир, бо назардошти вазъияти мушкили сиёсӣ ва ҷамъиятии ҳамонвақта интихоб гардидани чунин хусусиятҳои конститутсионӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дуруст ва асоснок ҳисобида мешавад.

Чунин мазмун ва моҳияти Тоҷикистон дар минбаъда асос ва заминаҳои ҳуқуқии худро пайдо намуда, дар доираи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва аз ҳама муҳимаш баъдан дар моддаи 8 Конститутсия инъикос карда шуданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул намуд.

Ҷойи пӯшида нест, ки ба таври муътадил фаъолият карда натавонистани аксар аркони давлатдорӣ, мавҷуд набудани заминаҳои дахлдор ва устувори ҳуқуқӣ ба шумор мерафт. Иҷлосияҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардиданд, бинобар сабаби халалдор гардиданашон аз ҷониби мухолифин ва гурӯҳҳои алоҳида натавонистанд дар ин самт санадҳои дахлдор қабул намоянд. Бинобар ин, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани ин миқдор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, кафолати муҳим ва калидии пойдорӣ ва мустаҳкамии асосҳои сохтори конститутсионӣ арзёбӣ мегарданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 1992 бо ташаббуси Пешвои миллат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду санади муҳим- «Муроҷиатнома ба ҳамаи азҳоби сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Шӯрои Олӣ»-ро, ки хислати сиёсӣ доштанд, қабул намуд. Моҳияти асосии ин санадҳоро даъвати намояндагони гурӯҳу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ ва меҳнаткашон ба сулҳу салоҳ, ҳамзистию ҳамбастагӣ ва бозгашти гурезагон ба маҳалли истиқомати доимӣ ташкил медод. Вобаста ба ин, дар давоми ҳафт сол, аз соли 1993 то соли 2000 дар маҷмӯъ 950 ҳазору 599 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи нооромиҳои вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда буданд, баргардонида шуданд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мустаҳкамгардонии минбаъдаи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон такони назаррасро ба вуҷуд овард.

Қонуни мазкур тартиби фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар давраи гузариш муқаррар намуда, амали санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мушаххас намуд. Аз ҷумла, дар асоси моддаи 8 қонун, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки пештар қабул гардида буданд, амали худро то қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, дар ҳамон қисмате, ки ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекарданд, нигоҳ доштанд. Тибқи талаботи моддаи 10 қонун, нисбат ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то таъсис ёфтани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби нав муқаррар гардид.

Аз ин ҷо, бо қабули Конститусияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, тартиби таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо аз масъалаҳое буданд, ки бояд дар шароити нави бунёди давлати ҳуқуқбунёд мушаххас муайян карда мешуданд.

Бинобар ин, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1995 Қарор «Дар бораи Нақшаи ташкили кор ҷиҳати мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд, ки мутобиқи он бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нави ҳуқуқӣ мутобиқ гардонида шавад.

Тибқи Нақшаи номбурда қабули 18 қонуни конститутсионӣ, 9 кодекс, 26 қонун ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 81 қонунҳои амалкунанда пешбинӣ шуда буд.

Қонунҳои конститутсионӣ дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, шаҳрвандӣ, раъйпурсӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кодексҳои ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гражданӣ, замин, оила, манзил, меҳнат, андоз, гумрук, қонунҳо дар бораи забони давлатӣ, ветеранҳо, муроҷиатҳои шаҳрвандон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи сарҳади давлатӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки вобаста ба мазмун ва моҳияти худ барои ташаккули муносибатҳои нав ба нав ва танзими воқеии онҳо мусоидат намуданд.

Бо дарназардошти он, ки раванди демократикунонии ҷомеа баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойдории ҳокимияти конститутсионӣ вусъати тоза пайдо намуд, ҷиҳати мусоидат ба ин раванд, Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999 №2 «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» ба имзо расид.

Ба имзо расидани фармони мазкур барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтани низоми воқеан бисёрҳизбӣ асос гузошт, ки аз ин дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардани ҳафт ҳизби сиёсӣ, иштироки озод ва бевоситаи онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои масъалаҳои сиёсати дохилӣ, инчунин масъалаҳои сиёсати хориҷӣ низ матраҳ гардида буданд. Матраҳ гардидани ин масъалаҳо дар муносибати хориҷии Тоҷикистон мавқеи калидии худро доштанд. Фалаҷ гардидани иқтисодиёти миллӣ дар натиҷаи канда шудани муносибатҳои мавҷудаи иқтисодӣ, зиёд будани шумораи гурезагон ва мушкилоти дигари ба ин монанд, андешида шудани тадбирҳои мушаххас талаб мекарданд.

Бинобар ин, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин иҷлосия аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳое қабул намуд, ки барои муайян карда шудани шарикони стратегии рушд дар муносибатҳои хориҷӣ ва барқарор гардидани ҳусни ҳамҷаворӣ нигаронида шуда буданд. Чунин муносибати дӯстонаи дипломатӣ ва шарикии стратегӣ имкон дод, ки ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон давлатҳои ҳамҷавор, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Туркманистон, Қазоқистон ба сифати давлати миёнарав ва баргузоркунандагони музокироти сулҳи тоҷикон ҷалб гарданд. Дар натиҷа раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба нуқтаи кулминатсионии худ расида, бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 ба анҷом расид.

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин як қатор масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд, ки онҳо барои таъмини фаъолияти муътадили аркони давлат, пойдорӣ ва мустаҳкамии сохтори конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва монанди инҳо нигаронида шуда буданд. Лекин, нақши муҳиме, ки ин иҷлосия дар масири таърих гузошт, он аст, ки вай ҳокимияти конститутсиониеро барқарор намуд, ки вай аз ҷониби ҳарду тараф эътироф карда шуд.

Ҳамин тавр, натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии ин иҷлосия буд, ки қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуда, ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат барқарор гардида, барои фаъолияти муътадили рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ва рушди пайгиронаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба марҳилаи нави инкишоф заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошта шуда, ормони деринаи миллати тоҷик барои расидан ба истиқлолияти комил ҷомаи амал пӯшид. 

Манбаъ: АМИТ "Ховар"