4 феврал-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории саратон. Табиби тоҷик дар мавзӯи рушди саратоншиносӣ беҳтарин кори илмӣ навиштааст

Истиқлолият ба раванди пешравии ҷавонони эҷодкор роҳи васеъ боз намуд. Дар ҳамин рӯзҳои Соли ҷавонон боз як нафар ҷавонзани эҷодкор, олими соҳаи саратоншиносӣ, донандаи чандин забони хориҷӣ Мунфиза Сайфутдинова дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аввалин шуда, рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя кард. Дар маросими дифои кори номзадии Мунфиза Сайфутдинова дар мавзӯи «Тадқиқи саратони гарданаки бачадон дараҷаи 1» муқарризон аз кишвари Русия- доктори илми тиб Сергей Максимов ва профессор Людмила Крикунова рисолаи номзадии Сайфутдиноваро яке аз беҳтарин кори илмӣ дар рушди саратоншиносӣ арзёбӣ намуданд.
Алҳол Мунфиза Сайфутдинова дар баробари тадқиқоти кори илмӣ боз ҳамчун мудири шуъбаи табобати нурии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Дар ин шуъба тамоми намудҳои бемории саратон табобат мешаванд. Шуъбае, ки ӯ сарварӣ мекунад, дар Тоҷикистон ягона буда, барои тамоми аҳолии кишвар хизмат мекунад. Дар ин ҷо бемории саратонро тавассути нуршуоъ табобат карда, омосҳои бадсифатро ба воситаи шуоъҳо месӯзонанд.
Дар як рӯз шуъба метавонад то 60 нафарро қабул карда, бо нур табобат кунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: