7 апрел- Рӯзи байналмилалии саломатӣ: шиори имсолаи он — «Депрессия: биёед гуфтугӯ мекунем!»

Шурӯъ аз  соли  1950 дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун  Рӯзи байналмилалии саломатӣ ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки ин сана ҳамасола ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда, имсол   таҳти   шиори «Депрессия (афсурдаҳолӣ): биёед гуфтугӯ мекунем!»   доир мегардад.
Тавре ки  аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бахшида ба ин рӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон 8 апрел дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо иштироки  устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ ҷамъомади ҷумҳуриявӣ  гузаронида мешавад.
Дар доираи ҳамоиши мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавии аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар корҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.  Ҳамзамон аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии  таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.
Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар як шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва ташхиси ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.
Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 300 миллион  нафар   бо депрессия, яъне афсурдаҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ин шумора аз соли 2005 то 2015 то ба 18% боло рафтааст.  Афсурдаҳолӣ як ҳолате мебошад, ки   ба инсон зарар мерасонад яъне қобилияти кории ӯро кам мекунад ва  ба қобилияти зеҳнии инсон таъсири  худро мерасонад.
Дар ин ҳолат Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ   пешниҳод мекунад, ки  нисбат ба ин  мушкилот  бештар дар   байни оила, корхона,   мактабҳо  ва ҷавонон   машваратҳо гузаронида шаванд.

Tags: