«Авто-ретро Душанбе» дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивиро ба Фестивал-намоишгоҳ даъват менамояд

Авто-ретро Душанбе14 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» баргузор мегардад. Макони баргузории Фестивал-намоишгоҳ  дар майдони «800 — солагии Москав»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт   муқаррар гардида, он аз соати  15 то 21 идома меёбад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст. Ин Фестивал –намоишгоҳ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад.

Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардида, дар он мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба тамошо гузошта мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Oldtimer» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад. Бинобар ин, меҳмонони Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми «Авто-ретро Душанбе» метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожец», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивали мазкур вазифадор намуда, дастур додааст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: