Аёдати таълимгирандагони бахши Иттифоқи миллии нобиноён дар шаҳри Душанбе

19 апрели соли равон намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати таълимгирандагони бахши Иттифоқи миллии нобиноён дар шаҳри Душанбе рафтанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни аёдат масъулини Кумитаи ҷавонон зикр намуданд, ки ҷавонони тамоми табақаҳои ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва барои беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо тамоми тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Зимни аёдат масъулини Кумита аз шароити зиндагии ҷавонони ниёзманд дидан намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ин иқдом барои дастгирӣ намудани ҷавонони эҳтиёҷманд ва ба зиндагӣ дилгарм намудани онҳо роҳандозӣ гардид.

АМИТ "Ховар"

Tags: