Бадахшон дар иҳотаи барф қарор дорад

Бар асари боришоти зиёди барф, ки тайи рўзҳои охир ба қайд гирифта шуд, дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон зиёда аз 60 адад тарма фаромада, боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт гардид. Дар ин бора Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бо назардошти вазъияти ба амаломада таҳти роҳбарии Раиси Ситоди ҳалатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят, Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ситоди фаврӣ даъват карда шуд.
Зикр гардид, ки танҳо дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ғафсии қабати барф 70 сантиметр ва дар баъзе минтақаҳо аз он зиёдтар аст. Ҳаҷми зиёди барф асосан аз ҳудуди ноҳияи Рўшон то шаҳри Хоруғ, инчунин аз самти шаҳри Хоруғ то ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон ва деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим, ҳамчунин то маркази ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта шудааст.
Азбаски бориши беисти барф ду рўз идома ёфт, имкони тоза кардани тармаҳо мавҷуд набуд, зеро ягон кас кафолати бехатарии ҳаёти нигоҳдорони роҳро дода наметавонист. Бо пайдо гардидани имконияти аввалин бо дастури бевоситаи Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аз шаҳри Хоруғ ба чор самт сафарбар гариданд.

Тозакунии роҳҳо дар самти минтақаи Ғунд, ки яке аз қисматҳои шоҳроҳи Душанбе-Кўлоб-Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ба ҳисоб меравад, таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси вилоят Нуралӣ Риоев, самти ноҳияи Рўшон бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Тоҷиддин Назришоев, самти ноҳияи Ишкошим-роҳбари растгоҳи Раиси вилоят Диловар Хосабеков ва самти ноҳияи Роштқалъа-сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Қиличбек Қиличбеков идома дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки танҳо дар роҳи самти Хоруғ-Ишкошим 36 адад тарма ба қайд гирифта шудааст, ки мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ дар пай дорад. Дар мавзеи байни деҳаҳои Андаробу Сиист як нафар сокини ноҳияи Ишкошим- Давлатсултон Зулфиқорбекова, соли таваллудаш 1970 дар натиҷаи тармафуроӣ ҷони худро аз даст дод.

Дар баробари техникаву механизмҳои Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояту ноҳияҳо ва КВД «Бадахшонроҳсоз» ҳамчунин механизмҳои бахши хусусӣ ва ширкатҳои сохтмонии ҳудуди вилоят низ ба тоза кардани тармаҳо ҷалб гардидаанд, то ҳарчӣ зудтар роххо тоза ва ҳаракати мунтазами нақлиёт дар ҳудуди вилоят таъмин карда шавад.
Хушбахтона, бозору мағозаҳои вилоят бо маводи мавриди ниёзи мардум пурра таъмин буда, ҳамчунин дар анборхонаҳои намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ миқдори зарурии захираи маҳсулоти хўроквории мавриди ниёзи аввал, инчунин сўзишворӣ мавҷуд ва дастрасии аҳолӣ ба ҳар гуна маҳсулот пурра таъмин аст.
Пас аз муроҷиати Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба аҳолии маркази вилоят-шаҳри Хоруғ субҳи 29 дар шаҳр ҳашар ташкил карда шуда, сокинон дар баробари кормандони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ба тоза намудани атрофи хонаҳои истиқоматӣ ва тангкўчаҳо машғул гардиданд.
Азбаски тибқи маълумоти мутахассисони Маркази обуҳавошиносии кишвар то 5 феврал дар ҳудуди вилоят ҳавои ноустувори тағирёбанда пешгўӣ гардидааст, дар мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳое, ки дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгир буданд, ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуданд. Ҳамчунин бо тавсияи масъулини Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят дар мувофиқа бо Раиси вилоят оилаҳое, ки хонаҳояшон дар ҷойҳои дорои хавфи тармафуроӣ воқеъанд, муваққатан ба мавзеъҳои бехатар кўчонда шуданд.
Вазъият таҳти назорати бевоситаи Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ-Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед қарор дошта, бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовинони Сарвазири кишвар, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вазъи имрўзаи вилоят робитаи пайвастаи телефонӣ амал дорад.
Чунин ҳаҷми зиёди барф дар вилоят ва бахусус дар маркази он, ки зиёда аз 70 сантиметрро ташкил медиҳад, бори охирин соли 1969-и асри гузашта ба қайд гирифта шудааст.
Сохторҳои дахлдор таҳти роҳбарии Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед тамоми саъю талоши худро бар он равона намудаанд, то дар фурсати кўтоҳтарин бо истифода аз имконоти воқеӣ бо тоза намудани роҳҳо ҳаракати мунтазамро дар роҳҳои вилоят барқарор карда, барои ба маҷрои муқаррарӣ дарвардани ҳаёти сокинони вилоят мусоидат намоянд.

Манба: Амит "ХОВАР"

Tags: