Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Қарор дар бораи баргузор намудани озмунҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 11 август ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки то 20 август дар сатҳи ноҳия ҳамин гуна озмунҳоро баргузор намоянд. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо назардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри соли 2017 ҷамъбаст менамояд.
Ғолибони озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» бо мукофоти пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, «Кӯчаи беҳтарин»- 10 ҳазор сомонӣ ва дипломҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Маросими тантанавии супоридани мукофотҳо дар арафаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
АМИТ «Ховар»