Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе Мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад

15 сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и  шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва дар ҳамкорӣ  бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор  мегардад.

Дар мусобиқаи мазкур мухлисону ҳаводорони  сершумори варзиши тоҷик  ва  паҳлавонони шинохтаи мамлакат ширкат мекунанд. Дар ин  бора   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба   сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва инкишофи  варзиши   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир БОЗОРОВ   хабар  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 10 даста- «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Суғд-1»,  дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати  калон    аз рӯи   чор вазн:  -65, -80, — 90 ва +90 кг байни ҳам рақобат  мекунанд.

Хотиррасон  менамоем, ки  гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз намудҳои маъмул буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва дигарҳо аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштин рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли  2016  ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардида буд. Дар он паҳлавонони вилояти Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ширкат намуда, аз рӯи вазнҳои 65, -80, +90 байни ҳам рақобат  карда буданд.

Дар он  мусобиқа шоҳҷоиза- се мошини сабукрав барои паҳлавонон гузошта шуда буд. Паҳлавонони шинохта- Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 65 кило, Соҳиб Ҳакимов дар вазни 80 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни +90 кило ба ҳамаи рақибонашон ғолиб омада, сазовори медалҳои тилло ва шоҳҷоиза гардида буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: