Баррасии вазъи боду ҳаво дар машварати корӣ бо Сарвари давлат

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир карданд.
Ба иттилои дафтаи матбуотии президент дар маҷлис таваҷҷуҳи асосӣ ба вазъи боду ҳавои кишвар, бахусус боришоти шадиду беисти рӯзҳои охир равона гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба боришоти рӯзҳои охир ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ супориш доданд, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини амнияти роҳҳо ва нақлиёти заминӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Дар кори машварат ба роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш дода шуд, ки барои таъмини амнияти сартосарӣ, мубориза бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо чораҷӯӣ намоянд.