БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ. Дар Хуросон 86 хона пурра ва 300 метр роҳи байни кӯчаҳо аз лойқаю об тоза гардиданд

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар деҳаҳои Н. Асадулло, Хуросони ҷамоати С. Айнӣ аз ҷониби қувваю воситаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 нафар ҷалб гардида, дар ҳудуди деҳаҳои мазкур 86 хона пурра ва 300 метр роҳи байни кӯчаҳо аз лойқаю об тоза карда шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии худро ба маҳалли офат сафарбар кардааст ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии муқими мамлакат- Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (UNICEF), Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ кумакҳои заруриро ба сокинони осебдида расонид. Имрӯзҳо вазъ дар маҳалли офат ба эътидол меояд ва сокинон аз ҷараёни корҳо қаноатманданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун ба ҷуз маводи ғизоӣ, боз барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳудудан 400 тонна семент, 74 тонна арматур, 3700 дона бомпӯш (шефир), 370 кубометр тахта ҷудо кард, ки ҳоло бо истифода аз ин масолеҳ корҳои барқароркунӣ дар авҷанд.

То кунун Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалии муқими мамлакат, ба монанди Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (UNICEF), Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ба миқдори 12 000 литр сӯзишвории дизелӣ, 300 қуттӣ маводи беҳдоштӣ, 300 адад зарфҳои обгирии 10-литра ва 100 000  қуттӣ доруворӣ барои безараргардонии оби нӯшокӣ ирсол ва миёни сокинони осебдида тақсим кард.

Дар баробари ин, аз тарафи хадамоти нақлиёт ва роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва деҳаи Гулистон дар роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ то 20 майи соли 2020 бо истифода аз 13 адад техникаҳои роҳсозӣ корҳои бартарафсозӣ гузаронида шуда, ҳаҷми корҳои умумии иҷрошуда 500 метрро ташкил дод, 1250 метри кубӣ роҳҳои фурӯрафта бо шағал пур карда шуда, коркарди хок 4750 метри кубиро ташкил медиҳад.

Аз тарафи хадамоти муҳофизат корҳои тозакунӣ аз селҳо ва роҳандозии корҳои соҳилбандӣ, барқарорсозии қисмати раҳнашудаи шохаи рости ПК 623 ва барқарорсозии корҳои муҳофизатӣ дар масофаи 0,6 км бо воситаи як адад экскаватор ва як адад мошини борбардор ба анҷом расонида шуданд.

Инчунин бо истифода аз 2 адад экскаватор маҷрои шохаи рости канал аз ПК 657 то ПК 650 дигар карда шуда, аз ҳаҷми 1020 метри кубӣ корҳо 90 метри он иҷро карда шуданд.

Ҳамзамон барои тоза намудани заҳбурҳою атрофи хонаҳои истиқоматӣ аз атрофи беморхонаи минтақа дар деҳаи 18-ум Партсъезд, Ҷамоати деҳоти С. Айнӣ 4 адад экскаватор вобаста шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Дар айни замон 6 экскаватор барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ сафарбар карда шудааст.

Бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҷониби Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ҳамарӯза 2 маротиба шаҳраки хаймавӣ бо маҳлули безараргардонӣ поккорӣ мешавад, инчунин аз ҷониби хадамоти безараргардонӣ ва шуъбаи дезинфексияи  ноҳия зиёда аз 40 хона ва кӯчаю деҳаҳо тоза карда шуданд.

АМИТ Ховар

Tags: