Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

Ба  беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ ва лавозимоти соҳавӣ ворид карда шуд.
Бо мақсади дар  сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба беморон чанде пеш  беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб мавриди таъмиру навсозӣ қарор гирифт. Баъд аз таъмиру тармим ин маркази саломатӣ бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ултрасадо, сабти барқии дил, дастгоҳ барои тамизгардонӣ,  нафаси сунъӣ,   монитор барои мушоҳидаи кори дил, рентгени сайёр, 40 адад кат ва маводи доруворӣ  таъмин   карда шуд.
Солҳои каблӣ беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба талаботи рӯз чавобгӯ набуда, табибон аз норасоии дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ барои ташхису табобати беморон азият мекашиданд.
Зимни боздид роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Раёсати тандурустии вилоят, макомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута аз сатҳу  сифати корҳои иҷрогардида изҳори қаноатмандӣ карданд.

АМИТ «Ховар»