Бо супориши Сарвари давлат ба кишоварзони ноҳияи Ишкошим таҷҳизоти нави техникӣ ирсол карда шуд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми мулоқот бо бошандагони ноҳияи Ишкошом, ки моҳи июни  соли ҷорӣ доир гардида буд, ба масъулини соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ супориш дод, ки деҳқонони ин ноҳияро бо техникаю механизмҳои зарурии кишоварзӣ таъмин намоянд.
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо дастури Пешвои миллат 1 комбайни ғалладарав, 2 трактори МТЗ-82, 12 мотоблокҳои хурд, 12 алафдарави хурд, 8 испор ва дигар намудҳои техникаи кишоварзиро ба ин ноҳия интиқол доданд.
Сардори шуъбаи фаръии «Агролизинг» дар ВМКБ Зокир Қурбоноҷонов зикр намуд, ки ноҳияи Ишкошим дар муқоиса бо ноҳияҳои дигари вилоят майдонҳои васеи кишт дорад, вале бо сабаби норасоии техникаву механизмҳо на ҳамаи китъаҳои замини ин навоҳӣ истифода мешаванд.
Акнун бо дастрас гардидани техникаи кишоварзӣ ба деҳқонони ин минтақаи дурдаст имконияти мусоид фароҳам оварда шуд. Умед аст, ки минбаъд маҳсулоти босифат ва арзони кишоварзони ин навоҳӣ дар бозорҳои ноҳияву вилоят пешкаши сокинон хоҳанд гардид.

АМИТ «Ховар»