Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварда, дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ иштирок намуданд.

Маҷмааи кӯҳию лижаронӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ин маҷмааи нодири варзишию сайёҳиро, ки аз биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ иборат мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бояд таъкид кард, ки иншооти номбаршуда дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, бо назардошти талаботи меҳмонону сайёҳон дар ҳамин мавзеъ ҳамчунин нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда шудааст.

Майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имконият фароҳам меоварад, ки дар оянда ин намуди бозиҳои зимистона дар мамлакат ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад.

Дар маҷмӯъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд.

Дар ин маҷмаа баъди таъмиру навсозӣ ду роҳи танобӣ дар масофаи зиёда аз 2000 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 140 адад воситаи болобарандаи одамон (бугел) доранд. Роҳҳои танобӣ бо воситаҳои муосири равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои баргузории машғулиятҳои ин намуди варзиш шабонгоҳ ҳам созгор мебошанд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» дар заминаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Австрия дар масофаи 2027 метр «Роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ» ба истифода дода шудааст, ки 32 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадоме аз ин таҷҳизот то 8 нафар метавонанд ҷойгир шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин мавзеи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд дода, аз масъулини соҳа талаб намуданд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеи навбунёд, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонон ва тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат бештар мусоидат намоянд.

Хотиррасон бояд шуд, ки дар соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм аст, ки аз ин мавзеи варзишию сайёҳӣ боздид ба амал оварда, дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави он бевосита иштирок менамоянд.

Дар навбати аввал дар ин маҷмаа меҳмонхонаҳои барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ, роҳҳои танобӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона сохта, мавриди истифода қарор гирифта буд. Қобили зикр аст, ки баробари фаъол гардидани кори Маҷмааи кӯҳию варзишӣ Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гардида, аллакай дар баргузории мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои варзиши зимистона дар ин маҷмаа саҳм гузоштааст

Умуман барои ба ин сатҳ расонидани Сафед-Дара ва ба мавзеи истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ табдил додани он, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, фароҳам овардани шароити созгори мусоидат ба солимии ҷомеа тавассути ҷалби аҳолӣ ба варзиш аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» роҳи автомобилгарди Такоб-Сафед-Дара ва беш аз 17 км роҳи дигари мошингарди ин мавзеъ барқарор ва навсозӣ карда шудааст.

Дар масъалаи рафту омади хоҳишмандон, бо шумули сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз шоҳроҳи Душанбе-Варзоб то ба маҷмааи варзишию сайёҳӣ мушкилоте вуҷуд надошта, шумораи зарурии нақлиёти мусофиркашонӣ дар ин хатсайр сафарбар гардидааст.

Ҳамчунин бинои хобгоҳи ҳанӯз солҳои пеш аз истиқлолият бунёд гардида ба куллӣ навсозӣ ва дигаргун карда шуда, ба меҳмонхонаҳои сатҳи баланди муосир ва дорои шароити замонавӣ табдил дода шудааст.

Барои таъмини доимии барқу гармӣ дар маҷмаа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» зеристгоҳҳо ва муҳаррикҳои барқӣ таъмиру барқарор карда шуда, ба ҳама толорҳо ва ҳуҷраҳои таълимию истироҳатӣ ба таври мутамарказ бо истифода аз ангиштсанг гармӣ дода мешавад.

Бо назардошти талабот ва дархости меҳмонону сайёҳон ва аҳолии мамлакат дар соли равон ҳамчунин дар маҷмаа биноҳои алоҳидаи дорои толори машқу тамрини бадан, саққобозӣ ва ҳаммомҳои финию русӣ ва истгоҳи нигоҳдорӣ барои 400 адад автомобил ба истифода дода шуда бунёди 10 хонаи алоҳидаи истиқоматӣ (коттедж) ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамзамон бо дарназардошти макони ҷойгиршавии маҷмаа дар ин мавзеи дорои табиати нотакрор ва беҳамто сохтмони инфрасохтори зарурӣ барои ташкили истироҳату фароғати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз гардидааст.

Месазад гуфт, ки беҳдошти шароити истироҳату фароғати сокинони мамлакат, рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии имконияту шароити арзандаи пешрафти сайёҳати кӯҳию варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маркази сиёсати бобарори иҷтимоӣ ва таваҷҷуҳу дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давра ба давра инфрасохтори зарурии ин соҳаҳои муҳими ҷомеаи навин бунёду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Маҳз бо талошу дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ мавзеи кӯҳию лижаронии Сафед-Дара ба як маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишии муосир, инчунин ба ҷойи кори доимӣ ва манбаи даромади зиёда аз 300 нафар сокинони деҳоти атроф табдил ёфта, барои дӯстдорону ҳаводорони намудҳои варзиши зимистона ва саёҳати кӯҳӣ то андозае харҷи беҳударо барои сафар ба дигар кишварҳо кам менамояд. Муҳимтар аз ҳама он дар пешбурди иқтисоди сайёҳӣ, рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар Тоҷикистон нақши созгор мегузорад.

Баъди ифтитоҳи биною иншооти нави маҷмааи кӯҳию лижаронӣ ва шиносоӣ бо кору усулҳои хизматрасонӣ дар онҳо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонону варзишгарони мамлакат ва роҳбарону мутахассисони ҷавони ширкату ташкилотҳои сайёҳии ватанӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.