Бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ мавқуф гузошта шуданд

Бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 3 ноябри сол равон дубора оғоз мешаванд, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

 Дар робита ба омодагии дастаи мунтахаби  ҷавонони то 23-солаи  Тоҷикистон   ба мусобиқаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» панҷ бозии даври 23-юми Лигаи олии   футболи Тоҷикистон, ки бояд 15-16 октябри имсол баргузор мегардид, ба таъхир гузошта шуд. Бозии мавқуфмондаи марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  15  октябр дар назар аст. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз мегардад,

Ҳамин тавр, бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон-2021 бо бозиҳои даври 24-ум  3 ноябр доир мешаванд. Аз 25  октябр то 2  ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи гурӯҳҳои «В» ва «G» -и мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони  то 23-сола баргузор мегарданд.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор  гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо  Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ   бо  КМВА-и шаҳри Душанбе  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  миёни ҳам  рақобат карданд.

Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол  пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

АМИТ «Ховар»