Бозтоби сафари Пешвои миллат дар ВАО-и Урдун

Дар остонаи нахустин сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бонуфузтарин расонаҳои хабарии Урдун аҳамияти музокироти дарпешистодаи сатҳи олии ду кишвар ва имзои бастани созишномаҳои дуҷонибаро, ки ҳам ба тавсеаи равобити дуҷониба ва ҳам ба тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ равона шудаанд, ба таври густурда инъикос менамоянд.

Воситаҳои ахбори оммаи Урдун бар иқтидори бузурги ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Урдун, аз ҷумла, дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нақлиёту коммуникатсия таъкид менамоянд. Махсусан ба аҳамияти сафари роҳбари олии Тоҷикистон дар ҷиҳати таҳкими робитаҳои судманд дар арсаҳои илму маориф ва фарҳангу башарӣ ишора шудааст. Тавре ВАО-и Урдун менависанд, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафҳаи навро дар муносибатҳои байнидавлатӣ боз мекунад ва зарфиятҳои ҳамкориву шарокати ду кишварро дар робита ба маҷмӯи васеи  масоили ҷаҳонию минтақавӣ намоиш медиҳад.

Агентии иттилоотии Урдун ҳамчунин мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдовро роҷеъ ба иқтидори иқтисодию сармоягузории кишварамон, самтҳои дурнамодори ҳамкории дуҷониба ва аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини сулҳу суботи ҷаҳонию минтақавӣ интишор намуд.

АМИТ "Ховар"