ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Мумфаршкунии шоҳроҳи Деҳлоло дар Муъминобод оғоз шуд

Дар деҳаи Деҳлолои Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод мумфаршгардонии 3 км шоҳроҳи мошингард шурӯъ гардид.  Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мумфаршгардонии шоҳроҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ роҳандозӣ гардида, баҳри амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- рушди деҳотҷойҳо равона карда шудааст.

Инчунин ободии деҳот аз дастовардҳои созанда ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ- 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: