Ҷамъбасти даври чоруми бозиҳои Лигаи олӣ

Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври чоруми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуданд. Дар вохӯрии марказии ин давр дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳам қувва озмуданд.
Бозӣ барои се имтиёз пуршиддату ҷолиб гузашт ва дар натиҷа ягона голи задаи капитани дастаи «Ҳосилот» Сафаралӣ Каримов аз пеналтӣ «Ҳосилот»-ро ғолиб гардонид. Пас аз панҷ дақиқа футболбозони дастаи «Регар-ТадАЗ, ки дар ин вохӯрӣ ба ҳайси мизбон ҳунарнамоӣ доштанд, голи ҷавобӣ заданд, аммо довари вохӯрӣ Сайвалӣ Турдиев тӯби ба дарвоза воридшударо ба ҳисоб нагирифт. «Ҳосилот» баъди ин ғалаба бо 9 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа устувор кард.
Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ аввалин вохӯриашро дар варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматови ин ноҳия дар мавсими футболи соли 2017 бо дастаи КМВА «Помир» дар ҳузури 4 200 нафар мухлисон, вале ғалаба карда натавонист- 0:0.
Бозии дигари ин давр байни дастаҳои «Барқчӣ» ва «Вахш» низ бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст шуд.

Манбаъ:АМИТ "Ховар"

Tags: