Ҷоми Осиё-2019: Рӯзи қуръакашӣ муайян шуд

Конфедератсияи футболи Осиё 18 январи соли ояндаро ҳамчун рӯзи баргузории қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба он шомил аст, интихоб кард. Дар қуръакашӣ ба ғайр аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон, боз дастаҳои Кореяи Халқӣ-Демократӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн, Афғонистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман, Бутан, ҷазираҳои Малдив ва Тайбейи Чин иштирок мекунанд. То ҳанӯз ширкати дастаи мунтахаби Кувайт, ки аз ҷониби Федератсияи футболи ҷаҳонӣ муҷозот шуда, ҳаққи ширкат дар бозиҳои байналмилалиро аз даст додааст, аниқ нест.
Баъд аз натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳ тақсим шуда, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё -2019 роҳхат мегиранд. Ҳуқуқи ширкат дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019-ро то кунун 12 дастаи мунтахаби Осиё, ки муборизаро барои роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон- 2018 идома медиҳанд, ба даст овардаанд.
Тибқи тақвими КФО бозиҳои гурӯҳӣ аз 28 марти соли оянда шурӯъ гардида, 28 марти соли 2018 ба анҷом мерасанд.

Tags: