ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобӣ оид ба футзал баргузор мешавад

7 октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад. Дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон барои роҳхати қисми ниҳоии чемпионати Осиё бо ҳам мубориза мебаранд.  

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 7 октябр бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон бозӣ менамояд. Дастпарварони Пайрав Воҳидов 9 октябр дар даври дуюм бо футзалбозони Фаластин рақобат намуда, дар даври ниҳоӣ-11 октябр бо дастаи мунтахаби Мянмар вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Нархи чиптаи одӣ 20 сомонӣ ва чиптаи категорияи «СIP» 50 сомонӣ мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба  футзал

Гурӯҳи  «Е» — Тоҷикистон, Мянма, Фаластин ва Ҳиндустон

Даври 1-ум | 7 октябр

16:00 – Мянма – Фаластин

19:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон

Даври 2-юм | 9 октябр

16:00 – Ҳиндустон – Мянма

19:00 – Фаластин – Тоҷикистон

Даври 3 | 11 октябр

16:00 – Фаластин – Ҳиндустон

19:00 – Тоҷикистон – Мянмар

Tags: