Чораандешии намояндагони СҲШ зидди терроризм дар Тошканд

Намояндагони хадамоти махсуси кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШҲС) дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гирди ҳам омада, чораҳои муштаракро барои мубориза бо терроризму экстремизм баррасӣ мекунанд.

Тавре аз маркази иттилоотии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ба ТАСС хабар додаанд, 30-умин ҷаласаи шӯрои ин сохтор бо иштироки ҳайатҳои хадамоти махсуси Тоҷикистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон 30 март дар Тошканд оғоз шуда, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2017-2018 ва чораҳои муштарак барои муқобала бо таҳдиду хатарҳо баррасӣ хоҳад гашт.
Масъалаи ҳамкорӣ бо аъзои нави СҲШ - Ҳиндустон ва Покистон, ки раванди шомилшавии онҳо ба ин созмон соли 2015 шуруъ шуда буд, яке аз мавзуъҳои меҳварии дигари ин мулоқот хоҳад буд.
Ба ҷуз ин, иштирокдорони ҷаласа имкониятҳои баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, аз ҷумла ошкору пешгирӣ кардани ҳолатҳои истифодашавии Интернет бо мақсадҳои террористӣ, экстремистию ҷудоихоҳӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки наздимарзии хадамоти махсусро баррасӣ ва тамринҳои муштараки ниҳодҳои дахлдори кишварҳои СҲШ бо номи "Ҳамкорӣ-2016"-ро натиҷагирӣ хоҳанд кард.

Tags: