Барқияи табрикии Пешвои миллат ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати таъин гардиданатон ба вазифаи сермасъули Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ самимона табрику муборакбодӣ менамоям.

Ҷониби Тоҷикистон густаришу таҳкими равобити ҳасана бо Британия Кабирро  самти муҳимми  сиёсати хориҷии кишвари худ медонад ва ба ояндаи онҳо аз диди нек назар меафканад.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ муносиботи дӯстӣ  ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид  шуда, мазмуну мундариҷаи фарохтарро касб хоҳанд кард.

Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати  саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатмандии комилу бахту иқболи тоза,  пирӯзиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаашон ва  ба   мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида — рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».