COVID-19. Сафари мутахассисони варзидаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба анҷом расид

21 май сафари мутахассисони  варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид, хабар медихад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Зимни мулоқот бо мутахассисони ӯзбекистонӣ муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат ба ин табибон, ки тӯли чанд муддат дар Тоҷикистон ба ҳамкасбони хеш  ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 кумак расониданд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Роҳбари гурӯҳи табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Неъматҷон Иброҳимов иброз дошт, ки 20 май мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо роҳбарону кормандони муассисаҳои тандурустӣ тариқи телевизион тамошо намуд ва аз он  шод шуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаи пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Номбурда аз  ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 ситоиш намуда, иброз дошт, ки бо чунин омодагиҳо ва  андешидани тадбирҳои қатъӣ Тоҷикистон метавонад дар кӯтоҳтарин муддат ба ин беморӣ ғолиб ояд.

Ҳамзамон  Неъматҷон Иброҳимов ба таҷриба ва дониши мутахассисони тоҷик дар самти ошкор ва пешгирии бемории коронавирус баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки бо икдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали беморӣ барои расонидани  ёрии амалӣ 8 нафар табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  беморони гирифтори бемории коронавируси намуди нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: