COVID-19: шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 2,5 миллион нафар расид

Ба ҳолати субҳи 22 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 557 ҳазору 181 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 690 ҳазору 444 кас ва фавтидагон 177 ҳазору 641 тан мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 819 ҳазору 164 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 45 ҳазору 340 нафар ва шумораи шифоёфтагон 82 ҳазору 973 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 198 ҳазору 974 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 258 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 20 ҳазору 453 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 77 ҳазору 357 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 204 ҳазору 178 нафар ва теъдоди фавтидагон 21 ҳазору 282 нафар мебошад. Дар Франсия 158 ҳазору 50 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 20 796 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Германия теъдоди мубталоён 148 ҳазору 953 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 086 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 129 ҳазору 44 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 17 ҳазору 337 нафар мебошад.

Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 95 ҳазору 591 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 259 ва 14 918 нафар мебошад.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 84 ҳазору 802 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 297 нафар вафот кардаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 788 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.

Дар Россия, ки охири ҳафтаи гузашта аз рӯи теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи беморӣ аз Белгия пеш гузашт ва дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор гирифт, дирӯз 5 642 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 52 763 кас расид. Аз ин шумора 3 873 нафар табобат шуда, 456 кас фавтидаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 6 723 ҳолат, Украина – 6 125, Молдова – 2 614, Қазоқистон – 1 995, Ӯзбекистон – 1 678, Озарбойҷон – 1 480, Арманистон – 1 401 ва Қирғизистон — 590 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 092 нафар буда, 150 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 36 тани дигар вафот кардаанд.

Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирфита шуда, 11 631 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 109 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 7 755 ҳолати сиротяёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 46 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 6 533 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 9 ҳолат.

Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 264 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 3 490 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 602 нафар ва шумораи фавтидагон 83 нафар мебошад.

Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 7 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 1 973 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 11 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 2 080 нафар сироят ёфтаанд. Шумораи мубталоён дар Сурия 42 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирфита шудааст.

Ҳафтаи гузашта аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар Яман низ ба қайд гирифта шуд. Бемор аз АМА омадааст.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: