Cуҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Роҳбари давлати мо бо нахуствазири Покистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади идомаи муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд.

Дар хотимаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар иҷрои рисолаташ баҳри рушду шукуфоии кишвари дӯст сиҳатмандиву комгорӣ орзу намуданд.

Суҳбат дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.