Cумангул Тағойзода бо Прадип Сривастав мулоқот намуд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Cумангул Тағойзода  бо роҳбари Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Прадип   Сривастав мулоқот намуд.

Тавре  аз  Маркази матбуоти ин вазорат хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо  масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуғли аҳолӣ ва  таълими  калонсолонро   баррасӣ  намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон  лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд  амалӣ   мегардад,  ки   дар доираи он синфхонаҳо, кабинетҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ, устохонаҳо ва биноҳои хобгоҳи хонандагони 21 муассисаи таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомўзӣ ва соҳибкорӣ таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ, ашёву аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз  мешаванд.

Инчунин, барои 17 ихтисосҳои интихобгардида стандартҳои салоҳияти касбӣ  таҳия  мегардад, ки дар асоси он барномаҳои таълимӣ ва  асбобҳои нави баҳодиҳӣ омода  мешаванд.

Дар ҷараёни мулоқот Прадип Сривастав аз рафти амалишавии лоиҳаи мазкур  қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳаи низоми  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

АМИТ "Ховар"