Дар Академияи идоракунии давлатӣ Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо ифтитоҳ гардид

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии  Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо баргузор гардид.  

Дар маросими мазкур  роҳбариятҳои Академия,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, роҳбарияти ҳамкории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, дигар шахсони расмӣ ва  мутахассисону коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки  ифтитоҳи Маркази мазкур идомаи ҳамкории байналмилалии Академия дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии роҳбарияти мамлакат ва дар ин замина беҳтар намудани шароити моддиву техникии муассисаи таълимӣ мебошад.

Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, ки барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва вирусологҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд чораҳои ҷиддӣ андешида шаванд.

Дар ин робита Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо ба фаъолият шуруъ намуд, ки онро  Академияи идоракунии давлатӣ дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис доданд. Ин Марказ барои Академия ва тамоми низоми хадамоти озмоишгоҳҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон як рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад.

Маркази мазкур дар доираи Барномаи глобалии роҳбарони озмоишгоҳҳо бо мақсади таъмини сатҳи баланди роҳбарии хадамоти миллии озмоишгоҳҳои  ҷумҳурии мо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо дар онҳо таъсис дода шудааст.

Марказ барномаҳои таълимиро оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии роҳбарон ва мутахассисони озмоишгоҳҳои  сатҳҳои гуногун, инчунин рушди малакаҳои онҳо дар соҳаи идоракунии дурусти озмоишгоҳҳо ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ менамояд.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки Маркази мазкур дар беҳтар намудани сифат ва самаранокии кори озмоишгоҳҳои  таҳқиқотиву вирусшиносӣ кӯмак хоҳад намуд. Дар заминаи Марказ минбаъд курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои роҳбарони озмоишгоҳҳои ҳудуди мамлакат  баргузор карда шуда, тренерон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба онҳо дарс мегӯянд.

Тавре таъкид карда шуд, ҳадаф аз таъсиси Маркази глобалии барномаи роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо дар амал татбиқнамоии таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти идоракунии озмоишгоҳҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии фаъолияти онҳо  барои аҳолӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани озмоишгоҳҳои Тоҷикистон мебошад.

Tags: