Дар Бишкек вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид

12-17 июл дар шаҳри Бишкек бино ба тавофуқи ҳосилшуда, вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар поёни вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

АМИТ «Ховар»

Tags: