Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил мешавад

30 январи соли равон, соати 12:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ҷашнӣ намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо, намоиш ва фурӯши маснуоти хоҷагидорӣ ва кишту кор, инчунин барномаи консертии устодони санъати тоҷик дар назар аст.

Барномаи идонаро озмуни ҷашнӣ дар чор бахш — дастархони Сада, ниҳолҳои мевадиҳанда, ниҳолҳои сояафкан ва гулу буттаҳо, суруди беҳтарин дар васфи Сада боз ҳам шавқовартар мегардонад.

Барои дӯстдорони рақсу суруд ва оҳангҳои ҷолиб барномаи ҳунарии устодони санъати тоҷик ва ҳаваскорони ҷавон пешкаш карда мешавад.

Дар назар аст, ки дар барномаи консертӣ устодони варзидаи санъат Афзалшо Шодиев, Қурбоналӣ Раҳмонов, Муҳаррама Шарипова, ансамблҳои рақсии «Ҷаҳоноро» ва «Чаман», ҳунарпешагон Ҳақназари Ҳукумзод, Ҳақназар Аловатов, Ҳангома Хушназарова ва дигарон ҳунарнамоӣ кунанд.

АМИТ "Ховар"