Дар Боку ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ ва нашри китоби кишварҳои ИДМ сурат мегирад

21 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Имсол раёсати Шӯрои мазкурро Ҷумҳурии Озарбойҷон ба уҳда дорад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро директори «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Бӯризода намояндагӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Қурбоналӣ Бӯризода соли равон вазифаи ҳамраисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои узви ИДМ-ро ба уҳда дорад.

Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори он як зумра масоили ҳалталаби табъу нашри ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Аз ҷумла, диққати асосӣ ба масъалаҳои марбут ба иҷрои чорабиниҳое, ки дар Соли китоб (2019) дар кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шуда буд; оид ба натиҷаи Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ ва омодагӣ ба баргузории Озмуни навбатии XVI; оид ба озмуни муассисаҳои китобфурӯшӣ дар кишварҳои узви ИДМ; иҷрои Протокол оид ба вориднамоии тағйирот дар Созишномаи бунёди Шӯрои байнидавлатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ равона мешавад.

Ҳамчунин иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ (Душанбе, 28 ноябр 2018), вазъи иҷрои қарори Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод аз 16 октябр 2019, «Дар бораи фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфӣ», оид ба резолютсияи Форуми XVI зиёиёни (эҷодию илмии) кишварҳои узви ИДМ аз 16 майи  2019,  интихоби раиси Шӯро барои соли 2020, муайян ва тасдиқи вақт ва ҷойи баргузории Шӯрои навбатӣ,  натиҷаи фаъолияти мақомотҳои соҳавии ҳамкории ИДМ, дар бораи вазъи имрӯзаи савдои китоб дар ИДМ ва кишварҳои дигари Иттиҳод, дар бораи резолютсияи Ассамблеяи хониш дар Иттиҳод аз 18 сентябр  2019 ва ғайра мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои аъзои ИДМ, масоили бунёдии ҳамкорӣ дар самти матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои аъзои ИДМ, коркарди лоиҳаи ҳусни тафоҳум байни кишварҳои ИДМ, омодасозӣ ва интихоби лоиҳаҳо бахшида ба самтҳои муҳими самтҳои табъу нашр ҳамеша дар мадди назари намояндагони кишварҳои узви ИДМ, иштирокдорони Ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ қарор хоҳад дошт.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа мақоми раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ ба ҷумҳурии дигари кишвари узви ИДМ дода шавад. Ҳамзамон иштироки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Шӯрои навбатӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ 28 ноябри соли  2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Баъди анҷоми кори ҷаласа намояндагони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: