Дар Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аксияи «Тозагии маҳал» доир шуд

Ба ифтихори ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳудуди  Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат  аксияи «Тозагии маҳал» баргузор  гардид. Дар он кормандони Ҷамоати деҳоти Ромит,  Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Ромит»- и шаҳри Ваҳдат   ва сокинони  ҷамоат  иштирок намуданд.

Масъулини Ҷамоати деҳоти Ромит изҳор доштанд, ки “ин иқдом барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода роҳандозӣ карда шудааст.  Ҳамчунин  аз сабаби он ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дараи Ромит «минтақаи сайёҳию истироҳатии Тоҷикистон» эълон гардидааст, мо, сокинону масъулин вазифадорем ҳолати экологии соҳили дарёву рӯдхонаҳоро  беҳтар намуда, атрофи шоҳроҳ ва минтақаҳои истироҳатиро аз партовҳои маишӣ тоза нигоҳ дошта,  манбаъҳои обро дар дарёи Кофарниҳон аз ифлосӣ тоза нигоҳ дорем”.

Масъулини ҷамоат аз истироҳаткунандагон эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки зимни дамгирӣ партовҳои худро дар ҷойҳои махсуси  муайяншуда гузоранд, то муҳити атроф тозаю озода бошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: