Дар Донишгоҳи давлатии Данғара коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфт

Ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Данғара коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора 1 сентябр зимни мавриди истифода қарор додани донишгоҳи мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд.
Бояд зикр кард, ки барои пешрафти кор дар коргоҳи адрасбофӣ як гурӯҳ ҷавондухтарон дар вилояти Суғд нозукиҳои ин касбро аз худ кардаанд ва дар ин ҷо бо шогирдон табодули таҷриба мекунанд. Дар синфи тарроҳӣ ва дӯзандагӣ асосан занону бонувони хонанишин бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Донишгоҳи давлатии Данғара дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинои мазкур аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9 — ошёна бо 1300 ҷойи хоб барои донишҷӯён, 3 бинои истиқоматии 5- ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 4 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст бунёд шудааст.

Tags: