Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид

 Масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон дар мулоқоти  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух  Ҳамрализода бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мамедзода Ҳасан Дилсуз Оғлу дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки  тарафҳо  ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар самти ҷалби сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, баргузор намудани ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои марбут  ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду  давлат ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот атрофи фаъолияти Маркази  «Осон хизмат»-и Агентии давлатӣ оид ба хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва инноватсияи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ибрози назар карда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи ин марказ ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

АМИТ "Ховар"