Дар Душанбе маросими қадрдонии бонувони ихтироъкори тоҷик доир гардид

ТВТ.17.09.2022. 15 сентябр дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати дар Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии ихтирои бонувон дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медалҳои тилло ва биринҷӣ гардидани занҳои ихтироъкори тоҷик ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.  

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд,  дар маросими тантанавӣ бонувони ихтироъкор барои дастовардҳояшон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 27 августи соли 2022 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE – 2022» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор гардид.

Дар он бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии Маркази миллии патенту иттилоот 6 нафар занҳои ихтироъкори Тоҷикистон бо ихтирооти сабтнамудаи худ тариқи ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд. 3 нафар занҳои ихтироъкори мамлакат: Фариза Ҳалимова, Мадина Кариева ва Муқаддас Қурбонова бо медали тилло, Саврибегим Ёрмамадова бо шоҳҷоиза (гранд-при) ва 2 нафари дигар — Зулфира Арабова ва Парвина Олимбойзода бо медали биринҷии ин намоишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз соли 2012 то соли 2022 дар ин намоишгоҳ 46 нафар занҳои ихтироъкори мамлакат бо пешниҳоди 53 ихтирои худ иштирок намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 22 медали тилло, аз ҷумла 2 медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 19 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: