Дар Душанбе сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 19 октябр муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердинияз Мятиевро, ки ҷиҳати муҳокимаи масоили марбут ба сафари расмии қарибулвуқӯи   Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Ҳамчунин мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердинияз  Мятиев баргузор шуд.

Зимни вохӯриҳо, ки чун анъана дар фазои дӯстию ҳусни эътимод доир гардиданд, мавзӯъҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АМИТ "Ховар"