Дар Душанбе Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ҷамъбаст гардид

Имрӯз, 19 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ва анҷоми Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор гардид.  

Ба гурӯҳи ҳакамони филмҳои ҳунарии пурра 5 нафар ва ҳакамони филмҳои ҳунарии кӯтоҳ 4 нафар ҷалб гардиданд. Ҷоизаҳои Синамоҷашнвора аз Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ, Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон», Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона», Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», Ҷоизаи махсуси ҳакамон, Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ва Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» иборат мебошанд.

Дар маросими ҷамъбасти Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии «Тоҷи Сомон» бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди  кинематографияи тоҷик» ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева супорида шуд.

Ҳамзамон як қатор синамогарон киношиносон ва ҳунарпешагон бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» қадрдонӣ шуда, инчунин иштирокдорон бо Дипломи Синамоҷашнвора сарфароз гардиданд.

 

Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми «Додараки фариштаҳо»-и коргадон Умед Мирзоширинов аз Тоҷикистон тақдим карда шуд. Филми ҳиндии «Тулуи инқилоб»-и  коргардон С. Раҷамули сазовори Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин гардид. Ҷоизаи махсуси ҳакамон ба филми «Узбекдухтар»-и коргардон Акбар Бектурдиев аз Узбекистон дода шуд.


Ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» ба Айсанам Юсупова аз Узбекистон, Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба Абдулмумин Шариф ва Салоҳиддин Шукурзода (филми «Дов») аз Тоҷикистон ва Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» ба Сао Юй (филми «Риштаи умр») аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тақдим гардид.


Коргардони филми  «Озурдагон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Фард Қодирӣ ва коргардони филми «Аломати хушбахтии деромада»-и Русия Татяна Колганова  сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» гардиданд.


Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ ба филми «Роҳ»-и коргардони тоҷик Носир Саид дода шуд.

Бояд гуфт, ки чунин Синамоҷашнвора бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.  Дар он меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок намуданд.

Дар доираи ин синамоҷашнвораи байналмилалӣ нишасти матбуотӣ, Рӯзҳои кинои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони «Эҳёи синамо» бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассиони соҳа, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон, Намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман» баргузор шуданд.


Тавре қаблан хабар додем, 18 октябр дар кинотеатри «Кайҳон»-и  Маркази савдои «Ашан» дар барномаи озмунӣ филми коргардон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Фард Қодирӣ бо номи «Озурдагон» («Раздраженный», «TheAnnoyed»), филми коргардон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Музаффар бо номи  «Дов» («Фортуна», «Fortune»), филми коргардон Мукеш Кумар Синх аз Ҷумҳурии Ҳиндустон  бо номи «Кулбаи дилкаш» («Sweethomesweet»), филми коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ бо номи «Сарбор» («Обуза»), филми коргардон Гаруш Казарян аз Арманистон бо номи «Дили сиёҳи ман» («MyBlackHeart») ва филми коргардони тоҷик Зайнулобиддини Мусо бо номи «Бебозгашт», инчунин филми коргардон аз Тотористон Валерий Байкеев бо номи «Километри 823» («823-й километр») манзури  тамошобинон гардонида шуданд.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки бо мақсади шиносоӣ бо маконҳои диданибоб ва таърихии Тоҷикистон 18 октябр меҳмонони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» — намояндагони синамои давлатҳои Осиё, Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба шаҳрҳои Норак ва Ҳисор сафар намуда, бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд.

Tags: