Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа бунёд мешаванд

Тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи таваққуфгоҳҳои муосири бисёрсатҳаро  таҳия намудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар навбати аввал таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа дар кӯчаю хиёбонҳои сермошини пойтахт сохта мешаванд. Мақсад аз бунёди  ин таваққуфгоҳҳои муосир таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, бехатарии пиёдагардон, бартараф намудани танбашавии роҳҳои мошингарди пойтахт ва пешгирӣ аз  таваққуфи мошинҳо дар ҷойҳои  муқаррарнашуда мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ,  айни ҳол дар шаҳри Душанбе  бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта  сохтмони  намунавии чунин таваққуфгоҳҳо, ки  фаъолияти онҳо  ба таври худкор  ба роҳ монда шудааст, оғоз гардидааст. Тибқи ин лоиҳа, дар шаҳри Душанбе бунёди  таваққуфгоҳҳои  то 6-сатҳа  барои  нигоҳдории нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: