Дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши лавозимоти мактабӣ ташкил мегарданд

Дар шаҳри Душанбе аз 6 то 31 августи соли 2018 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  ташкил мегарданд. Ярмаркаҳои мазкур дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар  назди Маркази савдои «Меҳргон», дар ноҳияи Шоҳмансур дар назди Маркази савдои «Ёқут-2000», дар ноҳияи Фирдавсӣ дар таввақуфгоҳи назди Маркази савдои «Ганҷина»  ва дар ноҳияи Сино дар назди Маркази савдои «Ёвар»   ташкил ва баргузор мегарданд. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд,  тибқи   қарори  мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намуда, сифати маҳсулоти воридшударо назорат намоянд.

АМИТ "Ховар"