Дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бештар ташкил мегарданд

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ   барои  соли 2018   тасдиқ  гардид, ки он  бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар дода, зикр карданд, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе  Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ташкили ярмаркаҳо ва иштироки  корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Рустами Эмомалӣ  ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки   дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани  ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои  савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд,  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси шаҳр ҳамчунин бо ин қарор  сохторҳои марбутаи пойтахтро вазифадор намуд, ки  риояи  қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулот ва  талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: