Дар Ховалинг Форуми ҷавонони вилояти Хатлон баргузор мегардад

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар бахшида ба ҷашни бузург 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мегарданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин ҷо бахшида ба таҷлили ҷашни 25  солагии Истиқлолияти давлатӣ 28-30 июл Форуми ҷавонони вилояти Хатлон таҳти унвони «Ҷавононтаҳкимбахши дастовардҳои Истиқлолият» бо иштироки ҷавонони вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: