Дар Хуҷанд Маркази ташхисӣ — табобатии «Афзал» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ — табобатии «Афзал» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, маркази мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шуҳрат Холматов бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои 20 кат, ошхонаву ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Дар марказ 20 нафар мутахассисони соҳаи тиб ба кор ҷалб шудаанд, ки бархе аз онҳо дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Корея таҷриба андӯхтаанд.

Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин дастур дод, ки бояд ташхис, ҷарроҳӣ ва табобати беморон аз ҷониби кормандони ин марказ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон ба масъулини марказ тавсия дода шуд, ки бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳар моҳ табобати 2 нафар бемор аз оилаҳои камбизоат ба тариқи ройгон роҳандозӣ шавад.

АМИТ "Ховар"