Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Сомон Маҳмадбеков мулоқот намуданд

Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии  мамлакат  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Аҳтам Абдуллозода  ва ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ   Шамсулло Соҳибов  бо чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков мулоқот намуданд.   

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон  Шамсулло Соҳибов барои ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 17-20 октябри соли равон дар Марокаш доир гардид,  парафшон намудани Парчами давлатии  Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ Сомон Маҳмадбековро табрик намуда, барои тамринҳои пайваста ва идомаи бобарори сабқатҳо дар қувваозмоиҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба ин варзишгари маъруф комёбиҳои нав таманно намуд.

«Мо, масъулини Кумитаи миллии олимпии кишвар, талош бар он менамоем, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо барои варзишгарон фароҳам оварем. Дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарони тоҷик тамоми инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати машқу тамринҳои пайваста ва омӯзиши усулу методҳои гуногун фароҳам оварда шудаанд», – иброз  дошт зимни суҳбат Шамсулло Соҳибов.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода  изҳор намуд, ки баъди ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон Сомон Маҳмадбеков дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон ба ҷои аввал баромад. «Чунин дастоварди бузург миллати моро руҳбаланд намуда, дар замири наврасону ҷавонон ва варзишгарони навраси кишвар шуълаи умеди музаффариятро бармеафрӯзад, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор  месозад», — зикр намуд ӯ.

Дар мулоқот изҳори умед карда шуд, ки Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаҳои минбаъда ба дастовардҳои навбатӣ ноил гардида, шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио – 2020  ҳимоя хоҳад намуд.

Зимни суҳбат Сомон Маҳмадбеков барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва фароҳам овардани шароити хубу арзанда ҷиҳати машқу тамринҳои пайваста миннатдории худро ба Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, ваъда дод, ки минбаъд низ барои муаррифии арзандаи Тоҷикистони азиз талош хоҳад варзид.

АМИТ «Ховар»

Tags: