Дар ноҳияи Ҷайҳун вазъи риояи меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқиро баррасӣ намуданд

Дирӯз дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқоти сардори ШВКД дар ноҳия Баҳодур Холиқзода бо фаъолон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои САҲШ, омӯзгорон, имомхатибон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Зимни мулоқот иштирокчиён оид ба содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили терроризму экстремизм, оворагардӣ, дуздиву ғоратгарӣ махсусан бемасъулиятии баъзе волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд бо овардани далелу рақамҳои дақиқ сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ аз ҳар як узви ҷомеа, алалхусус аз падару модарон ва фарзандон қатъӣ талаб карда мешавад, зеро оромиву осоиштагии миллату давлат ба зиндагии дурусти шаҳрвандон вобастагӣ дорад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни аҳли ҷамоат ва кормандони милитсия саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифтанд.

АМИТ «Ховар»