Дар ноҳияи Лахш бахшида ба Рӯзи Президент байни наврасон мусобиқаи футбол доир гардид

Бахшида ба Рӯзи Президент дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Лахш мусобиқаи футбол баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур даҳ дастаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуда, ғолибон сазовори туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи 
Ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшида ба Рӯзи Президент тибқи нақша дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таҳияи барномаҳои фарҳангию театрӣ, дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла китобҳои тозанашри «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забон — ҳастии миллат» дар назар аст.
Инчунин дар муассисаҳои томактабӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» доир мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: