Дар ноҳияи Шоҳмансур марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ меафзоянд

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин мақомот  дар соли 2017 нишасти матбуотӣ доир шуд.

Нишасти хабарӣ бо ҳисоботи раиси ноҳия  Низом  Ҳакимзода  оғоз гардида, зимни пешниҳоди он, аз ҷумла,  зикр шуд, ки иҷрои қисми умумии даромадҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ аз ҳисоби андозсупорандагони ноҳия  ба андозаи 100,1 фоиз таъмин гардид.

Нақшаи аниқгардидаи қисми  хароҷоти буҷети ноҳия  дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи  97, 1 фоиз иҷро гардид, — иброз дошт раиси ноҳия ва илова кард, ки  маблағи умумии он  112, 1 миллион сомониро ташкил дода, дар асл аз буҷети ноҳия ба соҳаҳои хоҷагии халқ  маблағи 108, 9 миллион сомонӣ равона шудааст. Аз ҷумла, бахши ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 97, 7 фоиз, маориф 98, 7 фоиз, нигоҳдории тандурустӣ 97,8 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 92, 5 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 94, 5 фоиз, фарҳанг 96, 0 фоиз ва соҳаҳои ғайра 100 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

Н. Ҳакимзода  ҳамчунин зикр кард, ки соли 2017  ба 5456 хонанда ба маблағи 109 ҳазору 120 сомонӣ ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида, 5,1% аз шумораи умумии оилаҳои камбизоат, яъне 39 ҳазору 269 хоҷагӣ ба маблағи 682 ҳазору 102 ҳазор сомонӣ  кумакпулӣ пардохт гардид.

«Дар маҳаллаи Бадахшон -2 «Маркази омӯзиши дӯзандагӣ»,  дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” «Маркази эҳёи ҳунарҳои қолинбофӣ ва адрасбофӣ» ва дар маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ «Маркази омӯзиши сӯзанидӯзӣ» фаъолият дошта, марказҳои мазкурро 70 нафар ҷавондухтарон хатм  намуданд ва  соҳиби касбҳои гуногун гардиданд», — иттилоъ дод Н. Ҳакимзода.

Айни замон корҳо дар самти ташкили марказҳои омӯзиши ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, зардӯзӣ, нонпазӣ, қаннодӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ идома доранд.

АМИТ "Ховар"