Дар Олимпиадаи Рио-2016 аз Тоҷикистон кӣ иштирок мекунад?

Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд.
Аз Хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шумораи варзишгарони Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ширкат меварзанд, ҳафт нафар мебошад. Онҳо дар чор риштаи варзиш  бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард. Инҳо: гурзпарто Дилшод Назаров, дздюдочиён Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, муштзан Анвар Юнусов, давидан Кристина Пронженко, Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрино мебошанд. Бар асоси тақвими Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқот аз 6 то 19 август ширкат мекунанд:
6-16 август бокс -Анвар ЮНУСОВ дар вазни то 56 кг;
10 август дзюдо -Комроншоҳи УСТОПИРИЁН дар вазни то 90 кг;
12 август дзюдо-Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ дар вазни 100 кг;
11-12 август шиноварӣ-Олим ҚУРБОНОВ бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни мардон;
12-13 август шиноварӣ -Анастасия ТЮРИНА бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон;
15-17 август варзиши сабук-Кристина ПРОНЖЕНКО давидан ба масофаи 200 метр миёни занон;
17, 19 август гурзандозӣ-Дилшод НАЗАРОВ.
20 август маросими супурдани медалҳо ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мегардад.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: